Овозаи “ҳаҷи хайрия” беасос аст!
Душанбе, 06.08.2015.(АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди салоҳиятдор оид ба ташкили ҳаҷ иттилоъ медиҳад, ки ҳама гуна сару садоҳо оид ба сафарбарнамоии шаҳрвандон ба “ҳаҷи хайрия”, ки гӯё аз ҷониби ашхоси “хайрхоҳ” анҷом дода мешавад, беасос мебошад.
Рӯзҳои охир аз ҷониби гурӯҳ ё афроди алоҳида овозаҳое доир ба сафарбар намудани шаҳрвандон ба “ҳаҷи хайрия” ба миён омада буд, ки миёни мардум нофаҳмиҳоро ба вуҷуд овард. Аз ин лиҳоз, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин — Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки ба чунин овозаҳои дуруғин дода нашаванд, то ба доми фиреби қаллобон наафтанд. Зеро кишвари Арабистони Саудӣ танҳо ба мақомоти давлатии танзимкунандаи сафари зоирон ба ҳаҷ иҷозаи сафарбарнамоии ҳоҷиён ба мавсими ҳаҷро додааст. Яъне, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи ташкили ҳаҷ ва сафарбарнамоии зоирон ба Арабистони Саудиро дорад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






