Паҳлӯҳои афзалиятноки табобати ҷойивазкунанда тавассути дорувории метадон
Душанбе, 11.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар ҳамдастӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии маҳаллии ДИНА бо дастгирии молиявии Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид семинари омӯзишӣ дар мавзӯи Беҳбуд бахшидан ба ҳамкории мақомоти марбута дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва зуҳуроти нашъамандӣ, боло бурдани маърифати пешгирии нашъамандӣ ва арзёбии паҳлӯҳои афзалиятноки табобати ҷойивазкунанда тавассути дорувории метадон сурат гирифт. Метадон маводи сунъии нашъадори гурӯҳи афюн буда, дар вилояти Суғд аз ин навъи табобати мубталоёни бемории нашъамандӣ аз соли 2011 кор гирифта мешавад.
Дар семинар кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд, ҳамчунин намояндагони Раёсатҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, Маркази наркологии вилоят ва васоити ахбори умум ширкат варзиданд.
Нахуст роҳбари Ташкилоти ДИНА доир ба иҷрои барномаҳо дар мавриди пешгирӣ ва муолиҷаи нашъамандӣ ҳарф зада, таъкид дошт, ки дар оянда низ коҳиши талабот бо маводи нашъаовар ва табобати нашъамандон дар меҳвари фаъолияти ташкилоти мазкур қарор дошта, ҳамгароиро дар самти мазкур бо дигар сохтору мақомоти давлатӣ, хосатан, Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд тавсеа хоҳад бахшид.
Намояндаи маркази наркологии вилоят роҷеъ ба бемории нашъамандӣ ва паёмадҳои равониву ҷисмонии он ва ҳадаф аз роҳандозӣ кардани табобати ҷойивазкунанда тариқи дорувории метадон ва натиҷаҳои табобати мазкур маълумоти батафсил ироа намуд.
Таъкид гардид, ки дар заминаи табобат тавассути дорувории метадон, ки довталабона ва ройгон анҷом мешавад, дар авзои табобатгирандагон беҳбудии куллӣ ба чашм расида, осебпазирии онҳо дар баробари бемории Вируси Норасоии Масунияти Одам (ВНМО) ва дигар амрозе, ки бо хун аз тариқи сӯзандору сироят меёбанд бамаротиб коҳиш меёбад ва онҳо ба зиндагӣ хушбин гардида, барои аз доми нашъамандӣ ворастан бо тамоми ҳастӣ мекӯшанд.
Вазъи умумии нашъамандӣ дар вилоят дар суханони намояндаи Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд бозтоб ёфта, зикр шуд, ки ҳамкории густурда ва хастагинопазири ташкилоти ҷамъиятӣ бо сохтору мақомоти марбутаи давлатӣ дар самти муқобила ва пешгирии зуҳуроти нашъаҷаллобиву нашъамандӣ аз нишондод ва талаботи Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор низ бармеояд ва нақши ташкилоти ҷамъиятӣ дар ин ҷода муассир тавсиф шуд.
Семинари омӯзишӣ бо баёни андешот доир ба ҳамкориҳои муштарак ҷиҳати коҳиши талабот ба мухаддирот ва пешгирии нашъамандӣ, беҳдошти сифати барномаҳои пешгирикунанда ва вусъат бахшидани фарогирии гирифторони бемории нашъамандӣ ба табобати ҷойивазкунанда тавассути метадон ба поён расид.








Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






