Парвандаи шахсии вакилон омода мешавад
Душанбе, 03.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯзҳо аз ҷониби кормандони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани ёрии амалӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба омода намудани парвандаҳои шахсии вакилони вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вакилони ҷамоатҳо, инчунин татбиқи якхелаи талаботи қонунгузории интихоботӣ идома дорад, — дар ин бора аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд.
То имрӯз кормандони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ чунин чорабиниҳоро дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба итмом расонидаанд.
Дар назар аст, ки чунин чорабиниҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ гузаронида мешаванд.
Ҳамзамон ба ҳар як шаҳру ноҳия кормандони КМИР вобаста карда шуда, ин раванд таҳти назорати доимии роҳбарияти Комиссия қарор дорад.
Оид ба рафъи камбудиҳои ошкоршуда шахсони масъул ба КМИР маълумотҳои дахлдор пешниҳод карда истодаанд.
Ин иқдоми Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ барои баланд бардоштани масъулияти вакилони интихобшуда равона шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






