Пешгирии интиқоли ғайриқонунии пулҳои қалбакӣ
Душанбе, 7.08.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон кӯшиши интиқоли ғайриқонунии пулҳои қалбакӣ ошкор ва пешгирӣ карда шуд.
Дар толори назорати гумрукии шаҳрвандони гумруки Панҷи Поёни Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани шаҳрванди вилояти «Тахор»-и Давлати Исломии Афғонистон Ҷовид Абдул Вакил , соли таваллудаш 1982, ки дар ҳаракатҳояш аломатҳои шубҳанок эҳсос карда мешуд, мавриди санҷиш қарор гирифт.
Ҳангоми гузаронидани муоинаи шахсии Ҷовид Абдул Вакил аз қисми дарунии таҳпӯши ӯ ба миқдори 10 (даҳ) адад пулҳои шубҳаноки арзишашон садсомонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфт карда шуд, ки номбурда мехост ин миқдор пулҳоро тариқи пинҳонӣ ва ғайриқонунӣ ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид намояд. Пулҳои мусодирашуда дарҳол ба Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани ташхис ва хулосабарорӣ пешниҳод карда шуданд.
Ташхис нишон дод, ки пулҳои мазкур тақаллубӣ буда, барои ба коғази пули аслӣ шабеҳ шуданашон бо моддаи кимёвӣ номаълум коркард шуданд, ки дар зери таъсири нурҳои ултурабунафши офтоб ҷило намедиҳанд. Ҳамчунин дар паси пул ҳангоми ламс кардан дуруштии тури дастгоҳи чопӣ эҳсос нашуда, аломатҳои обӣ бо тарзи кашидани расм ё ёрии тамға тақлид карда шудааст, ки дар фарқият камранг буда, бисёр хира менамоянд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбат ба шаҳрванди Давлати Исломии Афғонистон Ҷовид Абдул Вакил парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






