Пешниҳоди маҳсулоти ширкатҳои Блумберг ва Томсон Рейтерс
Душанбе, 14.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Масъалаи ҷорӣ намудани майдони ягонаи савдо барои гузаронидани амалиёти пуливу қарзии Бонки миллӣ ва ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ, мукаммал сохтани воситаҳои пулӣ, савдои коғазҳои қимматнок, анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ ва назорати он дар бозори байнибонкӣ ва дигар мавзӯъҳои ҳамкорӣ дар ҷаласаи навбатӣ, ки таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва бо иштироки намояндагони ташкилоти қарзӣ, мутахассисони ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ Блумберг ва Томсон Рейтерс баргузор шуд, ҳамаҷониба муҳокима гардиданд.
Дар рафти ҷаласа намояндагони ширкатҳои Блумберг ва Томсон Рейтерс маҳсулоти худро муаррифӣ намуда, қобилияту бартариҳои онро ба ҳозирин пешниҳод карданд. Дар қисмати муҳокимаи масъалаҳои ҷаласа диққати намояндагони ширкатҳои Блумберг ва Томсон Рейтерс ба зиёд намудани имтиёзи бе пардохти ҳаққи хизматрасонӣ истифодаи терминалҳо барои тамоми ташкилоти қарзӣ, паст кардани нархи моҳонаи ҳизматрасонии низоми электронӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти майдони ягонаи савдо ҷалб карда шуданд.
Қайд гардид, ки баъзе бонкҳои ҷумҳурӣ бо барномаҳои Томсон Рейтерс аз наздик шинос буда, аллакай бо онҳо амалиёти асъориро анҷом додаанд.
Баъди баррасии пешниҳоди маҳсулоти ширкатҳои зикршуда намояндагони ташкилоти қарзӣ бо назардошти нархи мувофиқ доштани пардохти ҳаққи хизматрасонии терминалҳо ба тарафдории маҳсулоти ширкати Томсон Рейтерс ва интихоби платформаи ягона барои низоми электронии савдо интихоб кардан овоз доданд. Ҳамчунин дар ҷаласа қарор қабул гардид, ки тибқи он ба ташкилоти қарзӣ тавсия дода мешавад, то дар муҳлати кӯтоҳ бо ширкати Томсон Рейтерс ҳамкориро ба роҳ монанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






