“ПЭТ полиэтил-тестилат проформ” ба фаъолият шурӯъ менамояд
Душанбе, 17.08.2015. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт корхонаи нави саноатии “ПЭТ полиэтил-тестилат проформ” ба фаъолият шурӯъ менамояд. Корхонаи мазкур ба истеҳсоли зарфҳои пластикӣ, обҳои минералӣ ва нӯшокиҳои ташнашикан махсус гардонида шуда, иқтидори ин корхона истеҳсоли 18 ҳазор зарфҳои пластикӣ ва 20 ҳазор литр нӯшокиҳои ташнашикан дар як соат аст. Дар мавриди ба фаъолият шурӯъ кардани “ПЭТ полиэтил-тестилат проформ” 600 нафар бо ҷои корӣ доимӣ таъмин мегарданд.
Аз шаҳрдории Душанбе ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки ба ифтихори 24 -умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ иншоотҳои ҷашнии дорои таъиноташон гуногун ба истифода дода мешаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






