Пирӯзии «Равшан», ССКА ва «Регар» дар ¼ финалии Ҷоми Тоҷикистон
Душанбе 21.08.2015,(АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон). — Шоми дирӯз бозиҳои аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор шуданд.
Дастаи «Равшан»-и Кулоб дар майдони худ дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Дастаи ССКА «Помир» бар дастаи меҳмон -«Барқи тоҷик»-и Душанбе — бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Дастаи «Регар-ТадАЗ» дар майдони худ бар дастаи лигаи аввал — «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ — бо ҳисоби 3:0 пирӯз гашт.
Бозиҳои ҷавобии чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 25 август, соати 16:30 шурӯъ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки аввалин шуда ба даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон дастаи “Истиқлол”-и Душанбе роҳ ёфтааст. Дастаи “Истиқлол” аз рӯи натоиҷи ду бозии чаҳорякниҳоӣ бо дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд (6:1 ва 0:0) ба нимфинал баромад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






