Рӯзҳои фарҳанг- муколамаи тамаддунҳо
Душанбе, 05.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Бо мақсади иҷрои Созишномаи ҳамкорӣ миёни Маскаву Душанбе дар соҳаи фарҳанг аз 11- уми то 16- уми августи соли ҷорӣ рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор мегарданд.
Тавре ки аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии фарҳангӣ дар бузургтарин шаҳрҳои Русия — Москва ва Калининград доир гашта, иштирокчиёни барномаи ҳунарӣ бо ҷалби устодони санъат ва ҷавонони боистеъдод, ки ифодагари суннатҳои миллии тоҷикон, баёнгари назокати овозхонӣ, ромишгарӣ ва рақсҳои мавзуну дилхурӯшанд, таҳия гардидааст.
Ба барнома ҳамчунин дар маросими ифтитоҳ намоиши либосҳои муосиру миллӣ ва аксҳо, ки инъикосгари урфу одат, манзараҳои зебои Тоҷикистон ва дастовардҳои замони истиқлол мебошанд, ба маърази тамошо гузошта мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






