Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон ботантана таҷлил мешавад
Душанбе, 06.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳар сол чун анъана рӯзи якшанбеи ҳафтаи дуюми моҳи август дар ҷумҳурӣ Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон бо тантана таҷлил карда мешавад. Маҳз бо шарофати фаъолияти бунёдкоронаи бинокорон симои шаҳру ноҳияҳои вилоят сол аз сол ободу зебо ва назаррабо гашта, эътимоди мардумро ба фардои босаодати миллату давлат бештар менамояд.
Ба иттилои манбаъ, соли равон бахшида ба ҷашни 24-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 21-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бинокорони вилоят азму ният доранд бунёди 190 иншооти истеҳсолӣ ва маишию фароғатиро ба истифода диҳанд. Дар ин муддат 118 иншоот сохта ба истифода дода шудааст.
Гуфта мешавад, ки фондҳои асосии то имрӯз ба истифода дода шуда, зиёда аз 93 млн. сомониро ташкил менамояд. Корҳои пудратии иҷрошудаи сохтмончиёни вилоят маблағи беш аз 211 млн. сомониро ташкил дод. Танҳо соли ҷорӣ дар ҳаҷми 75 ҳазору 919 метри мураббаъ манзилгоҳҳо бунёд, даҳҳо километр хатти оби нӯшокӣ таъмир, зиёда аз 32 километр роҳҳои мошингард мумфарш гардида, якчанд иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






