Рабудани мошин аз ҷониби хонандаи синфи 7
Душанбе, 5.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Сокини 29-солаи шаҳри Душанбе ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ дар бобати рабудани мошинащ муроҷиат кардааст. Ба гуфтаи вай 3 август тахминан соати 23:30-дақиқа шахсони номаълум аз назди бинои истиқоматиаш мошини шахсиаш тамғаи «Дэу-Нексия»-ро ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи аз ҷониби кормандони милитсия писарбачаи 13-сола, сокини шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 7-уми мактаби таҳсилоти умумӣ бо гумони рабурдани мошини мазкур дастгир карда шуд.
Далели шайъӣ гирифта шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти ВКД иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






