Рафти ҷамъоварии ҳосили картошка ва сабзавот
Душанбе, 19.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод),- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 21219 гектар кишти картошка кишт карда шудааст. То 14 августи соли 2015 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ аз майдони 6918 гектари он ҳосил ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1902 гектар зиёд мебошад.
Тавре дар ин бора аз Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, то имрўз дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба миқдори 148892 тонна картошка истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 42200 тонна зиёд аст, ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 215, 2 сентнериро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 сентнерӣ зиёд мебошад.
Соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 28233 гектар сабзавот кишт карда шудааст, ки то имрўз аз майдони 19251 гектари он ҳосил ҷамъоварӣ гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2652 гектар зиёд мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






