Раиси Шӯрои INTOSAI ба Тоҷикистон меояд
Душанбе, 06.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Нимаи дуюми моҳи август Лю Тсзян -раиси Шӯрои Созмони байналмилалии мақомоти олии назорати молиявӣ /INTOSAI/, ки ҳамзамон Аудити генералии Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Дилмурод Давлатзода-раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҷараёни сафари Лю Тсзян ба Тоҷикистон масъалаҳои таҳкими ҳамкории мақомоти олии назорати молиявии Тоҷикистон бо INTOSAI , инчунин расонидани ёрии амалӣ дар самтҳои мухталиф дар назар дошта шудааст.
Д. Давлатзода афзуд, ки дар оянда байни мақомоти олии назорати молиявии Тоҷикистон ва Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида хоҳад шуд. Алҳол санади мазкур дар марҳилаи коркард ва таҳия қарор дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






