Ранҷи деҳқон – ганҷи кишвар
Душанбе, 13.08.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид гардидааст: «Нақш ва саҳми соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имконияти содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бисёр муассир мебошад».
Сокинони кишвар, бахусус деҳқонон моҳияти ин таъкиди Сарвари давлатро хеле дуруст дарк намуда, баҳри истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин пайваста ҷаҳд ва талош меварзанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки сол то сол вазъи коркард ва истифодабарии заминҳои кишоварзӣ, ба кор даровардани заминҳои киштбоби бекорхобида беҳтар гардида, бозори истеъмолии сокинони кишвар аз истеҳсоли маҳсулоти деҳқонии ватанӣ торафт ғанитар мегардад.
Деҳқонон ва боғдорони ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ва ҳар як супориши Ҳукумати ҷумҳуриро баҳри самаранок истифода бурдани замин ва аз он рўёнидани ҳосили дилхоҳи зироат дар амал татбиқ намуда, ба он муваффақ гардидаанд, ки натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оваранд. Бахусус заҳмати деҳқонону иҷоракорони ноҳияи Файзобод қобили таҳсин аст. Онҳо аз парвариши помидору бодиринг, қаланфури булғориву пиёз ва навъҳои гуногуни сабзавот, ки ба ҳама талаботи агротехникӣ ҷавобгӯянд, ҳосили дилхоҳ ба бор овардаанд.
Дар доманакӯҳҳо ва мавзеъҳои солҳо бекорхобидаи ҳудуди шаҳри Роғун фаъолияти деҳқонону иҷоракорон қобили таҳсин аст. Киштзори картошкаю пиёз, лубиёву каду ва дигар зироатҳои сокини деҳаи Қалъаи нав Нурулло Тоҳиров ва боғи навбунёди себу нок ва гелоси Сунатулло Азизов, ки дар минтақаи талу теппа ва ҷои ноободу киштнашуда бунёд гардидааст, ҳосили хуб доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






