Расонидани зарари ҷисмонӣ бо табарча ва қайчӣ
Душанбе, 08.08.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативию ҷустуҷӯӣ кормандони шӯъбаи корҳои дохилии дар минтақаи Кӯлоб ва Б. Ғафуров буда, ду ҳолати ваҳшиёна расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатиро ошкор намуданд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, дар рафти корҳои оперативию ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, , ки рӯзи 7-уми августи соли равон тахминан соати 21:30 дақиқа ноболиғ духтари 17-солаи сокини шаҳри Кӯлоб мебошад дар маҳаллаашон бо ҷавонмарди 26-солаи сокини ҳамин шаҳр вохӯрда, ба сабаби муноқиша захмҳо аз қайчии дар дасташбуда бардоштааст. Дар натиҷа номбурда ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ гирифтааст.
Дар чорабинии оперативию ҷустуҷӯии дигар кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуровро бо гумони расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ дастгир намуданд. Муайян гардид, ки гумонбаршуда 27-уми июл тахминан соати 23:30-дақиқа ба хонаи истиқоматии марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳия омада, аз сабаби муноқишаи ба миёномада, бо табарча ба сари ҷабрдида задааст, ки ӯ дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Оид ба ҳарду ҳолати рӯхдода парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






