Сӯхтори автомашина ва болопӯши оғилхона
Душанбе, 25.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Хадамоти оташнишони Вазорати корҳои дохилӣ дар як рӯзи сипари шуда 2 ҳолати сӯхторро ба қайд гирифтанд, ки беш аз 1000- сомон зарар ворид кардааст.Рӯзи 24- уми августи соли равон дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд автомашинаи тамғаи Опел- Вектра, ки ба марди 23-солаи сокини ноҳияи Конибодом тааллуқ дорад, сухтор ба амал омадааст. Сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад. Зарари расонидашуда 7000- сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар ин рӯз, дар болопӯши оғилхонаи ҳавлии истиқоматии 45- солаи сокини ноҳияи Муъминобод сӯхтор масоҳати 44- метри мураббаъро фаро гирифтааст. Зарари расонидашуда 3000- сомонӣ зарар овардааст Сабаби сар задани сӯхтор бо, оташбозӣ кардани ноболиғ,писарбачаи 13- солаи ҳамсоя, сокини ҳамин ноҳия мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






