Садамаҳои нақлиётии марговар
Душанбе, 26.08.2015 (АМИТ «Ховар»).-Аз уҳдаи автомашина набаромадан ва ба ҳам хурдани автомашинаҳо ҷони ду нафарро аз байн бурд.
Бино ба иттилои раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии кишвар, 25-уми августи соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 38-солаи сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти ноҳияи Шаҳринав, дар ҳудуди ҷамоати Қаратоғ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ки ба марди 44-солаи сокини шаҳри Турсунзода тааллуқ дорад, бархӯрда, пиёдагард, марди 69-солаи сокини ҷамоати Қаратоғро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Туксон”, марди 26-солаи сокини ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Сино ба самти кӯчаи Ҷ.Расулови шаҳри Душанбе, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Ҳамадониро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






