Сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия
Душанбе, 13.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Аз ҷониби ҶДММ “Роҳи Абрешим” аз вилояти Суғд сафарбаркунии навбатии муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Русия ба роҳ монда шуд.
Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, аз ҷониби ширкати мазкур 11 нафар шаҳрванд ба вилояти Тюмен сафарбар гардиданд, онҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои мухталифи вилоят буда, муҳлати сафарашон 1 солро ташкил медиҳад.
Аз ҷониби ҶДММ “Сомонэкспресстранс” низ гурӯҳи 21-нафараи муҳоҷирони меҳнатӣ ба муҳлати 1 сол ба ҳамин вилоят сафарбар гардид.
Ҳамзамон ҶСК “Нақлиёт” 7 нафар сокинони шаҳри Конибодомро ба шаҳри Сургут сафарбар намуд. Субъектҳои хоҷагидор ба муҳоҷирон бехатарро кафолат додаанд.
Гуфта мешавад, ки намояндагони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар байни сафарбаршудагон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, маводҳои ташвиқотӣ тақсим намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






