Сарбози ҳақиқат муаррифӣ гашт

Август 6, 2015 08:44

Душанбе, 06.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар  толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии ш.Хуҷанди вилояти Суғд муаррифии китоби тозанашри нависанда ва журналисти шинохта, барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ,  сардабири маҷаллаи илмӣ-оммавии «Душанбе» Садриддин Ҳасанзода баргузор гардид.
Дар толори дароматгоҳи китобхона асарҳои  нависандаи хушсалиқа Садриддини Ҳасанзода ва дигар осори адибони тоҷик ба маъраз гузошта шуда буданд.
  Дар маҳфил аҳли адаби вилоят, аз ҷумла раиси шуъбаи дар вилояти Суғд будаи ИНТ, шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод,  кормандони соҳаи  фарҳанг ва мухлисони зиёди каломи бадеъ, собиқадорони сохтори БДА, ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии Нозирони навраси ҳаракат аз мактабҳои вилоят, дўстдорони каломи бадеъ ширкат варзиданд. Маҳфилро директори китобхона Абдусаттор Маллаев ҳусни оғоз бахшида, дар боби  шарҳи ҳолу муҳтавои  қиссаву очеркҳои нависандаи сермаҳсул, қаламкаши заҳматкаш Садриддин Хасанзода суханронӣ кард. Баъд сардори ШБД РКД вилоят полковники милиса Рустам Мирзомуродов, сардори Раёсати нигоҳдории  хоҷагии роҳҳои вилоят Ҳоҷарахон Латифова,адибони  шинохта Муҳиддин Хоҷаев,Валиҷон Акбарӣ, китобдорон Раъно Иброҳимова Мавзуна Ҳамробоева, Марҳабо Раҷабова, Дилрабо  Собирова .Мастура Умарова вобаста ба асари тозанашри нависанда, маҳорат,услуби хоси эҷодии ў суханронӣ карданд. Зикр гардид,ки дар қиссаи мустанади тозанашр дар мисоли рўзгори полковники муставфии милитсия, собиқ сардори Бда РКД вилояти Қурғонтеппа,директории кули Корпарасияи мусофирбари, раиси Ассотсиатсияи нақлиёти Тоҷикистон Сафаралӣ Гулов, нависанда саҳифаҳои норўшани ҳаёт ва фаъолияти кормандони сохтори БДА ва нақши онҳоро дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар солҳои 90-уми асри гузашта ва минбаъд таҷассум намудааст.
    Ҳамчунин зикр гардид, ки нависанда тавассути қиссаҳои ҷолиби таърихию бадеияш «Кабки рав», «Эҳёи Када», «Дарёи нур», «Ашки қалам», «Чароғи лола», «Пуштаи зардолуҳо» ва чун журналисти муваффақи Телевизиони Тоҷикистон бо филмҳои мустанади таърихиаш дар қалби мухлисонаш ҷойгузин гаштааст.  Бархе аз ин филмномаҳо ба ёдгориҳои таърихию табиии  сарзамини куҳанбунёди Суғд, мардони ҷасури он бахшида шудааст. Қиссаи нави «Сарбози ҳақиқат»ифодаи ормону заҳматҳои нависанда дар раванди тарбияи насли навраси кишвар дар рўҳияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, эҳтирому ҳифзи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ, азму талошҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ободии кишвар мебошад.
     Ширкату ҳунарнамоии санъаткорони машҳури вилоят, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии нозирони наврас мулоқотро пурмуҳтаво ва хотирмон гардонд.

Август 6, 2015 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд