Семинари корӣ дар хоҷагии ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ

Август 18, 2015 12:16

Душанбе, 18.08.2015 (АМИТ «Ховар»,),-Имрӯз бо иштироки роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар бошишгоҳи саҳроии Муассисаи давлатии хоҷагии ёрирасони Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон семинари корӣ баргузор гардид, ки дар кори он масъалаҳои сохтмони ғайриқонунии манзили истиқоматӣ, азхудкунии ғайриқонунии замин ва дигар мавзӯъҳои марбут ба ин, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар кори семинар вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Рустами Эмомалӣ, директори Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Рустам, инчунин роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. 
Зимни баргузории семинар онҳо ҳамчунин аз рафти корҳои саҳроии хоҷагии ёрирасон ва шароити фаъолияту маишии сарбозони дар корҳои хоҷагӣ вобастабуда шинос гардиданд.
Дар рафти боздид масъулин барои хизмати софдилона ва зоҳир намудани маҳорату малакаи касбӣ дар корҳои сохтмонию саҳроӣ баҳри ободонии Муассисаи давлатии хоҷагии ёрирасони Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД як қатор сарбозони қӯшунҳои дохилӣ бо «Раҳматнома», нишони сарисинагии «20-солагии Қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ», тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.
Ёдрас мешавем, ки Муассисаи давлатии хоҷагии ёрирасони Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД наздик ба 50 гектар замин дошта, дар он кишоварзӣ, чорводорӣ ва занбурпарварӣ ба роҳ монда шуда, ҳайати шахсии қисмҳои низомии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ,  воҳидҳои таъиноти махсус, Раёсати тиббӣ ва Акдемияи Вазорати корҳои дохилиро бо маҳсулотҳои тару тоза таъмин менамоянд.

 

Август 18, 2015 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд