Семинари омўзишӣ дар мавзўи «Истифодаи ҳамгироёнаи об»

Август 22, 2015 06:05

Душанбе,  22.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Дар  маҷлигоҳи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода семинари омўзишӣ дар мавзўи «Истифодаи ҳамгироёнаи об» баргузор гардид. 
Чорабиниро намояндаи Барномаи ҳифзи муҳити зисти Бюрои Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Фирўза Ҳоҷиева оғоз намуда, мундариҷа ва ҳадафи амалишавии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба дастрасии маълумот, иштироки ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо ва дастрас будани адолати судӣ вобаста ба масъалаҳои муҳити зист, аз ҷумла таъминоти аҳолӣ бо оби нўшокиро ба самъи иштирокдорон расонид. 
    Сипас, мувофиқи тартиби кори семинар сардори Маркази захиравии орхус дар Душанбе Сулҳия Содиқова дар мавзўи «Натиҷаҳои татбиқи 10- солаи байналмилалии амалиёти «Об- барои ҳаёт», солҳои 2005- 2015; сармутахассиси шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулайхо Мисоқова дар мавзўи «Ҳифзи захираҳои об ва истифодаи ҳамгироёнаи он»; сардабири нашрияи соҳавии «Инсон ва табиат» Ҷамолиддин Ёқубов дар мавзўи «Инъикоси проблемаҳои марбут ба об дар воситаҳои ахбори омма»; корманди шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода Мунаввара Саидова дар мавзўи «Истифода ва ҳифзи захираҳои об дар шаҳри Турсунзода»; корманди Кумитаи ҳифзи муҳити зист Тимур Назаров дар мавзўи «Мақоми ҷамоатчигӣ дар беҳтаркунии истифодаи об ва иштирок дар раванди қабули қарорҳо» суханронӣ  намуданд. 
    

Август 22, 2015 06:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд