Ш. Зуҳуров ба Амрико меравад
Душанбе, 28.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шоми имрӯз Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ барои ширкат дар конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парлумонҳо ба Амрико меравад. Шукурҷон Зуҳуровро дар сафар ба Амрико раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода, Абдураҳим Холиқзода ва вакили палатаи поёнии Парлумони кишвар Дилшод Исматуллоев ҳамроҳӣ менамоянд.
Конфронси мазкур дар қароргоҳи СММ таҳти раисии Президенти Иттиҳоди байнипарлумонӣ Сабер Чаудлхарӣ баргузор шуда, дар он масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу амният, демократия ва рушд матраҳ мегарданд. Интизор меравад, ки Шукурҷон Зуҳуров дар конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парлумонҳо дар мавзӯи «Қарор додани демократия дар хидмат ба сулҳ ва рушди устувор» суханронӣ кунад.
Дар фарҷоми конфронс Эъломияи конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парлумонҳо қабул хоҳад шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






