Шаҳринав: Модарон зидди ифротгароӣ
Шаҳринав, 17.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Дар ноҳияи Шаҳринав бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истиқоматкунандагони ҷамоатҳои Чуст ва Истиқлол оид ба масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа, аз қабили пешгирии шомилшавии занон, духтарон ва ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро террористӣ, пешгирии ҷинояткорӣ миёни занону духтарон ва ҷавонону наврасон оид ба нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ занону модарон ва ҷавонон иштирок карда, фикру ақидаҳои хешро оид ба оқибатҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон баён намуданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ ба иштирокчиён маводи иттилоотӣ зери унвони “Мо модарон зидди ифротгароӣ” тақсим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки аз ноҳияи Шаҳринав то ба имрӯз 4 нафар бо оилаҳояшон ба давлати Сурия рафтаанд, ки 2 оилааш аз ҷамоати Чуст мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






