«Шанбегии Сабз» соҳилҳои дарёи Душанберо тоза мекунад
Душанбе, 29.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ҳамкорӣ бо нашрияи шаҳрии «Вечёрка» 30 август бо мақсади сазовор таҷлил намудани 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи тозагии соҳилро таҳти унвони «Шанбегии Сабз» дар соҳили дарёи Душанбе баргузор менамояд.
Ҳадаф аз баргузории чунин чорабинӣ ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагию ободонӣ, пок нигоҳ доштан ва ҳифзи муҳити зист, тарбияи ҳисси ватандўстии онҳо, фаъол намудани ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ ва ба ин васила тоза намудани соҳили кӯлу дарёҳо, ки обҳои онҳо боигарии миллати тоҷик маҳсуб меёбанд, арзёбӣ мешавад.
Дар рафти баргузории шанбегӣ иштирокчиёни роҳпаймоии автомобилӣ, ки аз ҷониби ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва нашрияи «Вечёрка» санаҳои 9-10 сентябр дар шоҳроҳи Душанбе- Ҳисор-Шаҳринав-Турсунзода доир мешавад, аз ҳисоби иштирокчиёни фаъоли шанбегӣ интихоб карда мешавад. Фаъолони шанбегӣ, ки иштирокчии роҳпаймоии автомобилӣ мешаванд, имкони ширкат дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишиеро, ки дар доираи роҳпаймоии автомобилӣ аз ҷониби муассисон ба нақша гирифта шудааст, пайдо менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






