Шароити хуб бо маоши баланд кафолат дода шуд
Хуҷанд, 03.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Аз Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд, ки тавассути ҶДММ «Роҳи Абрешим» сафарбаркунии навбатии муҳоҷирони меҳнатӣ аз вилояти Суғд ба Федератсияи Русия ба роҳ монда шуд.
Аз ҷониби ширкати мазкур 44 нафар шаҳрвандон ба вилояти Новосибирск ва 29 нафар ба вилояти Тюмен сафарбар гардиданд. Бино ба гуфти сардорони гурӯҳ А. Исохоҷаев ва Ф. Ҳасанов онҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои мухталифи вилоят буда, мӯҳлати сафарашон 1 солро ташкил медиҳад.
Субъекти хоҷагидор ва ширкатҳои кордиҳанда ба муҳоҷирон шароит ва маоши хубро кафолат додаанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






