«Шашмақом шоҳкории халқи тоҷик: вазъ ва рушди минбаъда»
Душанбе, 10.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — 12 августи соли равон дар толори Вазорати фарҳанги мамлакат мизи муддавар таҳти унвон «Шашмақом ҳамчун шоҳкории халқи тоҷик: вазъ ва рушди минбаъда» баргузор мегардад.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» иттиллоъ дода шуд, ҳадаф аз нишасти илмӣ, ки бо ибтикори Вазорати фарҳанг доир мегардад, таҳлили вазъ ва дурнамои яке аз шоҳкории халқи тоҷик — санъати Шашмақом буда, муҳтавои он асосан ба дарки моҳияти иҷтимоӣ ва дурнамои санъати Шашмақом, муайянсозии самту омилҳои асосии рушду нумӯъи он нигаронида шудааст.
Дар ин чорабинии илмӣ рӯнамоии лоиҳаи Барномаи давлатӣ «Оид ба рушди дурнамои санъати Шашмақому Фалак ва мактаби суннатии устод-шогирд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», баргузор шуда масъалаи дуруст ба роҳ мондани системаи таълимии мактаби «Устод-шогирд» бо сабк ва услуби анъанавӣ ва фанҳои махсуси таълимии мусиқӣ дар раванди омӯзиши мусиқии анъанавии Шашмақом баррасӣ мегарданд.
Иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба таҳияи «Луғатномаи истилоҳоти Шашмақом», такмили «Донишномаи Шашмақом» бо дарназардошти истилоҳоти нав, инчунин ҷиҳати омоданамоӣ ва рўнамоии китоби шашҷилдаи «Шашмақом» корҳои амалӣ оғоз гардидаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






