Шуғли бофандагӣ барои занони шаҳраки хаймавӣ дар Шуғнон
Хоруғ 18.08.2015 (АМИТ «Ховар» Файз Мирҳасан).- Занони шаҳраки навбунёди «Хайробод»-и ҷамоати Сучон дар шароити хайма ба равнақи ҳунарҳои бофандагӣ даст заданд. Имрӯз маҳсулоти бофандагии ин ҳунармандон дар бозор ба фуруш гузошта шудааст.
Иқдоми ба кор ҷалб кардани занони шаҳрак бо ташаббуси шӯъбаи агентии шуғли аҳолии ноҳияи Шуғнон рӯи даст гирифта шуд. Айни ҳол 20 нафар аз занони ин маҳал ба ҷӯроббофиву таркдӯзиҳои суннатӣ машғуланд.
Ба гуфтаи масъулини шӯъбаи агентии шуғли аҳолии ноҳияи Шуғнон риштаву ресмон ва дигар маводҳои бофандагӣ аз сӯи агентии мазкур таъмин карда мешавад.
Гурӯҳе аз бонувони ҳунарманд иқдоми шӯъбаи агентии шуғли аҳолии ноҳияи Шуғнон саривақтӣ буда, он аз як сӯ ба коҳиши сатҳи бекорӣ дар шаҳраки навбунёди «Хайробод» мусоидат кунад, аз сӯи дигар барои ғани гардондани даромади оилавӣ кумак мерасонад. Ҳунармандони ҳунарҳои дастӣ ният доранд, ки бо истифода аз шароити мусоид ҳунари бофандагиро дар байни ҷавондухтарони ин маҳал низ ташвиқ диҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






