Ситодҳои шаҳру ноҳияҳо ба ҳолати омодабош гузаронида шуданд
Душанбе, 01.08.2015 (АМИТ «Ховар»). -Мувофиқи маълумоти Муассисаи давлатии обуҳавошиносии мамлакат 3-юми августи соли ҷорӣ гарм шудани ҳарорати ҳаво, баланд шудани сатҳи дарёҳои Ғунд, Ванҷ, Панҷ, Бартанг, Язғулом, Вахш, Зарафшон ва эҳтимоли омадани сел дар як қатор ноҳияҳои кӯҳсор дар назар дошта шудааст.
Вобаста ба ин сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт: «Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон вобаста ба гармшавии ҳаво дар рӯзҳои наздик ба шаҳрвандони мамлакат ва меҳмонон муроҷиат менамояд, ки дар ин рӯзҳо бе зарурият ба мавзеъҳои душворгузар, хусусан минтақаҳои кӯҳӣ сафар накунанд. Аз шикор ва ҳама гуна саёҳат дар кӯҳ худдорӣ намоянд. Ҳамзамон дар мавзеъҳое, ки қобили оббозӣ нестанд машғули шиноварӣ нашаванд. Ба ин тартиб пеши роҳи ҳодисаҳои ғарқшавӣ ва дигар ҳодисаҳое, ки боиси фавти одамон мешаванд пешгирӣ карда мешавад».
Дар идома Ориф Нозимов таъкид кард, ки «Ба ситодҳои кумита дар шаҳру навоҳии кишвар ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои фавқулодда аз тарафи ҳайатҳои роҳбарии кумита супоришҳои мушаххас дода шудааст. Ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ситодҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ҳолати омодабош қарор доранд».
Бино ба иттилои Маркази обуҳавосанҷии кишвар, аз 1 то 5 август вазъи ҳаво дар ҷумҳурӣ чунин аст:
Пешгӯии обуҳаво дар НТҶ
Пешгӯии обуҳаво дар вилояти Суғд
Пешгӯии обуҳаво дар ВМКБ
Пешгӯии обуҳаво дарвилояти Хатлон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






