СММ ғуломфурӯшии ДИИШ-ро тасдиқ кард
Душанбе, 04.08.2015 (АМИТ «Ховар»). — Намояндаи расмии СММ тасдиқ кард, ки гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» занону кӯдаконро мувофиқ ба нархномаи тасдиқшуда ҳамчун ғулом мефурӯшад.
Намояндаи махсуси СММ оид ба пешгирии зӯроварии шаҳвонӣ дар минтақаҳои даргир Зайнаб Банғура, изҳор кардааст, ки дар санадҳои дастрасшуда воқеияти фурӯхтани одамон ҳамчун ғулом инъикос ёфтааст, — менависад хабаргузории «Bloomsberg».
Санади нархномаи асирони ДИИШ бори аввал моҳи ноябри соли 2014 паҳн шуда буд, вале аслӣ будани санад тасдиқи худро наёфта буд. Дар санад нархномаи намояндагони халқияти эзид ва пайравони дини насронӣ, ки ба асорати ДИИШ афтода буданд, дарҷ шуда буд. Аз ҷумла, барои кӯдакони аз 1 то 9 сола 200 ҳазор динори ироқӣ — муодил ба 165 доллари ИМА нарх гузошта шуда буд. Нархи занони ҷавони то 20 сола 124 доллари ИМА «муайян» шуда, вобаста ба калонсол будани занон нарх пасттар мерафт.
Мувофиқи суханони Зайнаб Банғура, нахуст аз миёни асирафтодагон қумандонҳои ДИИШ барои худ ғулом ҷудо карда мегиранд, сипас занону духтарони асирафтода ба мизоҷон аз Шарқи Наздик фурӯхта мешаванд. Асирзанони боқимондаро ҷанговарони қатории ДИИШ мувофиқ ба нархҳои «таъиншуда» мисли ғулом аз худ мекунанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






