Сохтмони иншооти нав дар Ховалинг
Ховалинг, 04-08-2015 ( АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар ноҳияи Ховалинг сохтмон ва азнавсозии якчанд иншоот ба роҳ монда шудааст, ки беш аз сад ҷоиҳои нави кориро фароҳам меорад.
Ба иттилои роҳбарияти ноҳия дар айни замон ширкати сохтмонии «Нигини Сулаймон» сохтмони беморхонаи марказии ноҳияи Ховалингро бо фармоиши Ҳукумати вилояти Хатлон идома дода, то имрӯз 80 дарсади корҳоро ба анҷом расонидааст.
Дар маркази ноҳия низ соҳибкор Саъдулло Бобоназаров ба сохтмони бинои анбори қабули меваи хушк барои 500 тонна машғул аст.
Ҳамчунин собиқ бинои нонпазхонаи ноҳия, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, баъди харидорӣ аз ҷониби соҳибкори ноҳия таъмиру азнавсозӣ гардида, дар назар аст, ки дар як қисмати он сехи дузандагӣ бунёд карда шавад, ки беш аз си нафар занону духтарони маҳалиро бо ҷои кори доими таъмин хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






