Сохтмони шаҳраки “Чайна таун” дар Хуҷанд
Хуҷанд, 13. 08.2015 (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маркази шимоли кишвар, шаҳри Хуҷанд аввалин маротиба дар миқёси кишвар лоиҳаи ҷадиди меъморию сохтмонӣ бо ҷалби ширкати сохтмонии хориҷӣ амалӣ хоҳад шуд.
Амалишавии лоиҳаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон рӯи кор омада, дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази шаҳр сохта мешавад. Дар нақша ҳаст, ки дар ин мавзеъ сохтмони маҷмаи биноҳои истиқоматӣ ва иншооти иҷтимоӣ бунёд гардад.
Дар робита ба ин имрӯз шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода директори генералии ширкати давлатии сохтмонии «Пекин» — Ҷао Шин Ҷо ва гурӯҳи меъморону сохтмончиёнро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқоти судманд ҳайати кории меҳмонон нақшаи мукаммал ва лоиҳаи сохтмонро ба раиси шаҳр муаррифӣ намуданд. Дар асоси лоиҳа дар ин мавзеъ сохтмони 15 бинои баландошёна барои 1200 хонавода, бунёди мактаби чаҳорошёна ва дигар иншооти иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст.
Чунон ки дар мулоқот зикр гардид, оғози корҳои сохтмон дар асоси созишнома ва нақшаи муштараки мақомоти маҳаллӣ соли ҷорӣ пешбинӣ шуда, сокинони маҳали дар он ҷо иқомат дошта ба тариқи шартномаи тарафайн бо ширкати сохтмонӣ бо манзил таъмин карда мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






