Сокинони ду деҳа аз Дарвоз ба Данғара кӯчонида мешаванд

Август 10, 2015 11:24

Душанбе, 10.08.2015. (АМИТ «Ховар»). -64 хоҷагӣ аз деҳаҳои Хурк ва Убагини дараи  Висхарви ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон кӯчонда мешаванд. Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар деҳаи Чорсадаи ҷамоати деҳоти Лолазори  ноҳияи Данғара  барои ҳар як оила  00,8 га. замин ҷудо карда шуда,  бунёди хонаҳои истиқоматӣ оғоз ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки 20-уми июли соли равон дар натиҷаи  зиёд шудани оби рӯдхонаи Висхарв 9 хонаи истиқоматӣ пурра зери об монда,  7 хонаи дигар қисман тахриб шуда, хати баландшиддати барқ, роҳи  мошингузари деҳа, даҳҳо гектар заминҳову  боғот хароб шуданд.
Аз роҳи асосии  ноҳия то мавзеи офати табиӣ  6 км.  ва аз мавзеи офати табиӣ то деҳаҳои дараи  Висхарв 14 км. масофаи роҳ мебошад, ки қисман корношоям гардидааст. Аз рӯзи сар задани офати табиӣ то имрӯз  роҳсозон ва кормандони идораи барқи вилоят ду маротиба хати интиқоли нерӯи барқ ва роҳи мошингузарро барқарор намуданд. Вале бинобар аз меъёр зиёд шудани об дар рӯдхонаи дараи Висхарв ҳам роҳи барқароршуда ва ҳам хати интиқоли барқ дубора корношоям гардиданд. Мавриди зикр аст, ки хонаҳои дигар сокинони деҳа низ дар ҷойи хатарнок ҷойгир мебошанд. Аз ҳамин сабаб сокинони деҳоти Хурк ва Убагин  ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат карданд, ки барои онҳо дар ноҳияи Данғара барои сохтмони манзил замин ҷудо карда шавад. 
Ҳоло 9 хоҷагии  аз офати табиӣ пурра зарардида ва 7 хоҷагии қисман осебдидаи ноҳияи Дарвоз дар деҳаи Чорсадаи ноҳияи Данғара дар хаймаҳо муваққатан ҷо гардида, бо шароити зарурӣ таъмин шудаанд. Барои 9 хоҷагии пурра осебдида хонаҳои истиқоматӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохта мешаванд. Барои 7 хоҷагие, ки қисман зарар дидаанд, 50 фоизи масолеҳи сохтмонӣ ройгон дода мешавад. Ба 42 хоҷагии дигари деҳоти Хурк ва Убагин аз ҷониби Ҳукумати мамлакат  замин ҷудо карда шудааст.  Дар мавзеъе, ки барои бунёди хона замин ҷудо шудааст, тамоми шароит муҳайё буда, мардум ба оби ошомиданӣ, бунгоҳи тиббӣ, мактаб, марказҳои хизматрасониву маишӣ пурра дастрасӣ доранд.

 

Август 10, 2015 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад