Суғд: «Ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табии кӯдакон»
Душанбе, 06.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Ҳамасола аз 1 то 10-уми август «Ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табии кӯдакон» ҷараён мегирад. Ба ин муносибат дар ҷамоати деҳоти Хизтеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорабинӣ баргузор гардида, дар он кормандони хонаҳои саломатии ноҳия ва сокинони ҷамоат ҷалб карда шуданд.
Тавре ки дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, намояндагони Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва соҳаи тибби ноҳия зимни баромади хеш изҳор доштанд, ки аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табии кӯдакон» 9 сол сипарӣ гардида, дар ин давра барои баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ҷиҳати ғизодиҳии табиӣ ба кӯдак як қатор чорабиниҳо рӯи кор омадааст.
Инчунин дар ҷамъомад саҳнаҳои тарбиявӣ, ки метавонад маърифати аҳолиро нисбати ҳимояи ғизодиҳии табии кӯдакон баланд бардорад, ба намоиш гузошта шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






