Суғд: дар майдони 14 266 га кишти такрорӣ гузаронида шудааст
Суғд, 11.08.2015 (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода,).- Дар хоҷагиҳои кишоварзии шимоли кишвар ҷараёни кишти такрорӣ босуръат идома дорад. То 10-уми августи соли равон деҳқонони вилоят дар майдони 14 266 гектар корҳоро ба иҷро расонидаанд, ки он 98,4 фоизи нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад.
Чунон, ки аз бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд, тибқи нақша соли равон дар вилоят бояд дар майдонӣ 14 500 гектар кишти такрорӣ ба амал оварда мешуд.
Дар айни замон аз 12 шаҳру ноҳияи вилоят кишоварзони 10 минтақа бо мақсади истифодаи самараноки замин нақшаи кишти такрориро барзиёд иҷро намуданд. Ба иттилои мамбаъ, деҳқонони шаҳру навоҳии Конибодом — 133 %, Исфара — 132,8 % нақшаро иҷро карданд. Аммо деҳқонони шаҳри Панҷакент ҳамаги -91,9% ва ноҳияи Зафаробод — 59,1% — и нақшаро иҷро карданду халос.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






