Суғд: Озмуни вилоятӣ идома дорад
Душанбе, 04.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» дар доираи озмуни вилоятӣ барномаи ҳунарии аҳли санъат ва фарҳанги шаҳри Конибодом манзури сокинони маркази вилоят ва ҳакамон гардонида шуд.
Тавре маркази матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, муҳтавои барномаи дастаи ҳунарии шаҳри Конибодом аз намоиши либосҳои занона ва мардонаи қадимаи миллӣ, иҷрои навозиши умумӣ, суруди якка, суруди ҳаҷвӣ ва дигар шартҳои озмун иборат буд.
Озмуни вилоятии «Ҳунарнамоии беҳтарини шаҳру навоҳии вилоят» рӯзҳои истироҳат дар Маҷмааи таърихю фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» баргузор мегардад ва дастаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба навбат ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ғолибони озмун барои ҷои якум бо 5 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм 3 ҳазор сомонӣ ва ҷои сеюм 2 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






