Сурия: Авҷ гирифтани ВНМО (СПИД) дар миёни ҷангиёни ДИ
Душанбе, 21.08.2015 (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Маёдини Сурия дар сафи ҷангиёни ДИ зиёда аз 16 ҳолати сироятшавии ВНМО (СПИД) ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора хабаргузории «РИА Новости» бо истинод ба оҷонсии мустақили Сурия «ARA News» иттилоъ додааст.
Бино ба маълумоти манбаъ, ҷангиён, ки аксарияташон зархаридони хориҷӣ ҳастанд, дар беморхонаҳои маҳаллӣ дар шароити карантин нигоҳ дошта шудаанд.
Бино ба иттилои рӯзномаи бритониёии «Daily Mail», раҳбарони ДИ ҷангиёни сироятшуда ба ВНМО-ро маҷбур мекунанд, ки ба амалҳои террористӣ бо худкушӣ даст зананд.
Сироятшавии ҷангиён ба ВНМО дар сафи ДИ ғайричашмдошт нест, чунки бисёре аз онҳо нашъаманданд ё ки доғи судӣ доранд.
Бояд гуфт, ки ин беморӣ зуд паҳн шуда истодааст, чунки дар минтақаҳои забтгардидаи ифротгароён бисёрзанӣ ва ғуломдории ҷинсӣ таҷриба мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






