Таҳдидҳо ба ҳаёти имрӯзу ояндаи ҷавонон
Душанбе, 22.08.2015 (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Имрӯз, 22-юми августи соли равон, дар шаҳри Кӯлоб мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳдидҳо ба ҳаёти имрӯзу ояндаи ҷавонон» доир гардидааст, ки дар кори он раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Махфират Хидирзода ва донишҷӯёну ҷавонони шаҳри Кӯлоб ширкат доштаанд.
Тавре сухангӯи Кумитаи ҷавонон Наврӯз Қурбонов иттилоъ медиҳад, мақсад аз баргузории мизи мудаввар баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва маърифатнокии ҷавонон дар бунёди оилаи солим ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни онҳо мебошад.
Манбаъ мегӯяд, ки дар ин мизи мудаввар Аҳтам Абдуллозода гуфтааст, ки таҳдидҳо метавонанд ба ҳаёти ҷавонон таьсири амиқ дошта бошанд. Яке аз таҳдидҳоро Абдуллозода сатҳи пасти дониш арзёбӣ карда, изҳор намудааст, ки барои зиндагии арзанда ҳар як ҷавон бояд донишҳои муосиру замонавиро аз худ карда, ҷаҳонбинии васеь дошта бошанд.
Ҳамчунин, Хидирзода Махфират дар баромади хеш изҳор намудааст, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳ ҳамеша аз нерӯи ҷавонон истифода мекунанд. Номбурда рисолати ҷавононро дар ҷомеа муҳим арзёбӣ карда, таькид намуд, ки онҳо рисолати давлатсозиву давлатдориро ба дӯш доранд.
Сулаймон Давлатзода бошад, бештар ба масъалаи ҳувияти миллӣ ва дар замони муосир нигоҳ доштани он суханронӣ намуда, ҷавононро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ даъват намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






