Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии чанд сохтори дипломатӣ
Душанбе, 10.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори дипломатии кишвар тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Ҳамин тариқ, Бобозода Ғуломҷон Ҷӯра аз вазифаи Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония, Султонов Шӯҳрат Музафарович аз вазифаи Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина, Холбобоев Файзулло Самадович аз вазифаи Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ, Намояндаии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди иқтисодии Евразия озод карда шуданд.
Ҳамчунин, бо фармонҳои Президенти кишвар Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония ва Холбобоев Файзулло Самадович Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина таъин карда шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






