Тағйироти кадрӣ дар «Барқи Тоҷик» ва мақомоти судӣ
Душанбе, 26.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат як қатор тағйироти кадрӣ ба амал бароварда шуд.
Ғуломов Алиҷон Амрихудоевич аз вазифаи раиси суди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинобар нисбати ӯ бароварда шудани ҳукми айбдоркунии суд ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он озод карда шуд.
Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн аз вазифаи муовини якуми раиси суди вилояти Суғд озод гардид.
Ваколати судяи суди вилояти Суғд Қурбонова Фирӯза Тӯхтабоевна бинобар вафоташ қатъ карда шуд.
Нозирӣ Зокир Вализода аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо хоҳиши худ озод гардид.
Раҳматзода Рустам Мирзо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод карда шуд.
Исмоилов Мирзо Ибрагимович Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» таъин гардид.
Раҳматзода Рустам Мирзо дар мувофиқа бо Президенти мамлакат муовини якуми раиси вилояти Суғд таъин карда шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






