Таҳкими равобит дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав
Душанбе, 5.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Имрӯз Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро ба ҳузур пазируфт.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Бобозода Тариқ Иқбол Сумро ба муносибати таъйин шуданаш ба вазифа табрик карда, ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбӣ комёбиҳо таманно намуд.
Ш. Бобозода доир ба соҳаи саноат, бахусус соҳаи саноати сабук, хўрокворӣ, мошинсозӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ибрози назар намуда, ҳамкориҳои судмандро дар ин самт мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд.
Зимни мулоқот Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи асосии талошу кўшишҳои минбаъдаашро пеш аз ҳама дар таҳким ва густариши ҳамкориҳо ва муносибатҳои дуҷониба дар тақвияти равобити соҳаи саноат ва технологияҳои нав арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо аз натиҷаи вохурӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкории дуҷониба ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






