Таҷлили иди касбии табибон дар Чкалов
Душанбе, 18.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Чкалов бахшида ба иди касбии кормандони соҳаи тиб ҷамъомади идона доир гардид.
Масъулини шаҳри Чкалов кормандони соҳаи тандурустиро ба иди касбиашон табрик гуфтанд. Зикр гардид, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ба шумор рафта, солимӣ ва некӯаҳволии халқ, инъикоскунандаи вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фардои дурахшони ҳар миллату давлат мебошад.
Дар чорабинӣ ба фаъолони кормандони соҳаи тиб барои хизматҳои шоён “Сипоснома” ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов супорида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






