Табдили номи 14 деҳа дар ноҳияи Файзобод
Файзобод, 08.08.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд). — Дар Иҷлосияи Мачлиси Миллии Маҷлиси Олии мамлакат номи 14 деҳаи ноҳияи Файзобод дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи мазкур тағйир дода шуд.
Акнун номи деҳаи Шулашак ба Себистон, Биникулта ба Файзрез, Қуруғ ба Навбаҳор, Тиён Ба Кӯҳсор, Бунгакиён ба Дурахшон, Қашқараҳа ба Орифон, Қалошӣ ба Баҳористон, Қошқарӣ ба Сино, Тақназарӣ ба Сомониён, Кулул ба Чорбоғ, Қулобод ба Хуросон, Калшодӣ ба Шифобахш, Сеқишлоқа ба Себзор ва Ҳайтак ба Гулафшон иваз карда шуд. Деҳаҳои мазкур дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Бустон, Вашгирд, Меҳробод, ба номи Дусмурод Алиев, Чашмасор ва Мискинобод ҷойгир мебошанд.
Мақсад аз табдили номи маҳаллаҳои аҳолинишин гиромидошти таъриху фарҳанги халқи тоҷик , ҳифзи асолати забони модарӣ ва мувофиқ намудани амали номгузорӣ дар робита ба риояи меъёрҳои забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






