Табибон бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳо сарфароз гардиданд
Душанбе, 18.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Имрӯз, 18- уми август дар “Кохи Ватан”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба рӯзи кормандони тандурустии вилоят чорабини тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ масъулини шаҳри Қурғонтеппа иштирок намуда ба фаъолияти кормандони соҳаи тандурустӣ арзи сипос намуданд. Зикр гардид, ки солҳои охир дар кори табибони вилоят, беҳбудӣ мушоҳидашуда, дар сари вақт муайян кардан, пешгирӣ ва табобати як қатор бемориҳо дастовардҳои назаррас ба чашм мерасад, ки ин натиҷаи заҳмат ва талошҳои доимии табибон мебошад.
Дар охири чорабинӣ масъулини вилоят пешсафони соҳа аз ҷумла ба 6 нафар ифтихорномаҳои раиси вилоят, 65 нафар аълочии тандурустӣ, 17 нафар ифтихорномаҳои вазорат ва мукофотҳои раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустии вилоятро а тақдим намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






