Таблиғи доимии тарзи ҳаёти солим

Август 8, 2015 05:52

Душанбе, 08.08.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Субҳи имрӯз, 8-уми август кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ташкилотҳои дохилӣ, мактабҳои варзишӣ, дӯстдорону алоқамандони варзиш, бо ҷалби васеи сокинон дар назди Кохи Ҷомӣ ҷамъ омада, марафони давро доир намуданд. 
Ширкаткунандагони марафон аз назди Муҷассамаи асосогузори давлати тоҷикон Исмоилӣ Сомонӣ тавассути хиёбонӣ марказӣ то назди Театри опера ва балетаи ба номи С.Айнӣ давида, дар саҳни он машқҳои варзиширо анҷом доданд. 
Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари  Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ дод, ки минбаъд ин иқдом бо мақсади густариши бештари варзиш ва таблиғи доимии тарзи ҳаёти солим рӯзи шанбеи ҳар ҳафта дар тамоми қаламрави мамлакат бо иштироки васеи сокинон доир карда мешавад. 
    

 

Август 8, 2015 05:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйиёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд