Табобатгоҳи табиат
Ҳисор, 14.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Ҳам гулу гиёҳҳои шифобахш, ҳам чашмаҳои мусаффои маъданияш, Тоҷикистонро дар тамоми ҷаҳон машҳур кардаст. Чашмаҳои шифобахши Хоҷа оби гарм, Шоҳамбарӣ, Чилучорчашма, Гармчашма, Чашмаи моҳиён, Оби Гарм, Оби шӯрак ва ғайраҳо кайҳо боз марҳами дардмандон аст.
Дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 200 адад чашмаи шифобахш маҷуд аст, ки на танҳо мавриди таваҷҷуҳи сокинони ҷумҳурӣ, балки диққати ҳазорҳо сайёҳону меҳмонони хориҷиро ба худ ҷалб кардааст.
Яке аз чунин обҳои шифобахш- «Оби шифои хирманак-1» мебошад, ки табиатан дорои 45 дараҷа гармӣ аст. Дар байни мардум ин об бо номи оби хирманаки Ҳисор машҳур аст.
Тибқи иттилои роҳбари ҶДММ «Сангчашма-1» Эгами Назрулло, оби мазкур аз соли 1962 маълуму машҳур аст. Маъмурияти ҶДММ «Сангчашма-1» мақсад доранд, ки дар назди оби шифои «Сангчашма-1» дармонгоҳи нави замонавӣ бунёд намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






