Таълиму тарбияи фарзанд масъулияти ҳамагон аст
Қӯрғонтеппа, 06.08.15. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро дар давоми 6 моҳи соли 2015 дар миқёси вилоят мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дод.
Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддинов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар 6 моҳи соли 2015 бораи ташвиқу тарғиби мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷиҳати амалан иҷро гардидани талаботи он дар мавриди пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, гароиши ноболиғону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ аз тарафи кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят чорабиниҳои муфид гардонданд.
Зимни санҷишҳои прокурорӣ дар давраи сипаригаштаи соли 2015 аз тарафи прокуророни шаҳру ноҳияҳои вилоят нисбат ба 245 нафар ва аз тарафи Раёсати Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон ва шўъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, нисбат ба 841 нафар волидайн ва омўзгорон парвандаҳои ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол гардиданд. Нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон ҷазо дар намуди огоҳӣ ва ҷарима таъийн карда шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






