Таъмини даромади буҷа 1млн. 400 ҳазор сомонӣ барзиёд
Ёвон, 03.08.2015 (АМИТ «Ховар» Субҳони Маҳмуд). — Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон нақшаи нимсолаи даромади буҷети маҳаллиро ба андозаи 103,0 фоиз таъмин кард.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд дар ин давра ба ҷои 42 млн. 380 ҳазор сомонӣ ба буҷети маҳаллӣ 43 млн. 830 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки ин нишондод нисбат ба нақша 1 млн. 400 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 млн. 700 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ба соҳаҳои маориф 19 млн. 604 ҳазор сомонӣ, тандурустӣ 6 млн. 208 ҳазор сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 629,3 ҳазор сомонӣ, 356,0 ҳазор сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 502,0 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Маблағҳои азхудкардашуда барои таъмини музди меҳнат, ҳаридории маводи таълимӣ, таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ, хӯрокворӣ, гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ сарф шудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






