Таъмини мактаббачагон бо либоси мактабӣ аз ҷониби ҶДММ «Султони Кабир»
Восеъ, 18.08.2015 (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов)-Занону духтарони ноҳияи Восеъ баъди фаъол шудани фабрикаи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Султони Кабир» дар ноҳия аз курсҳои омӯзишӣ гузашта, соҳиби ҷои кори доимӣ гардидаанд.
Дар айни замон дар корхона дӯхтани либосҳои ягонаи мактабӣ ба роҳ монда шудааст ва ҳамарӯза даҳҳо ҷуфт либосҳои бачагонаю духтарона омода шуда пешниҳоди мизоҷон мегарданд.
Ба гуфтаи масъулин коргоҳи мазкур бо кули муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Восеъ ва минтақаи Кӯлоб барои омода кардани либоси ягонаи мактабӣ шартнома бастаанд.
Дар фабрикаи дӯзандагии ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Султони Кабир» дар баробари бо нархи арзон ба фурӯш баровардани маҳсулот ба сифати он низ диққати ҷидди медиҳанд.
Ёдрас мешавем, ки фабрикаи дӯзандагии «Султони Кабир» бузургтарин корхонаи ситеҳсолӣ дар минтақаи Кӯлоб буда, феълан бо 30 дарсади иқтидори истеҳсолиаш фаъолият дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






