Таъмини осебдидагони офатҳои табиӣ бо шиносномаҳои миллӣ
Хоруғ, 17.08.2015 (АМИТ «Ховар» Файз Мирҳасан) Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро баъд аз сафари хизматӣ ба вилояти Бадахшон ва шиносоии наздик бо вазъи зиндагии зарардидагони офати табиӣ дар маҳаллаҳои Бардибекобод, Колхозобод ва Барсеми ноҳияи Шуғнон ба сардорони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ супориш дод, ки ҳуҷҷатҳои нобудшудаи сокинони осебдидаро ҳарчӣ зудтар барқарор намоянд .
Бино ба иттилои сухангуи Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят Далер Чоршанбиев, феълан аз 108 нафар шаҳрвандоне, ки бар асари офати табиӣ бе шиноснома монданд, изи дасти 103 нафар гирифта шуда, наздик ба 20 нафарашон соҳиби шиносномаи миллӣ гардиданд.
Кормандони Вазорати корҳои дохилии кишвар ҳамчунин бунёди як манзили истиқоматӣ дар деҳоти осебдидаро бар уҳда гирифта, ният доранд то даҳаи аввали моҳи ноябр онро ба истифода диҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






