Таъмири роҳҳо дар Шӯрообод
Шӯрообод, 01.0882015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар тавозуни Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Шӯрообод 17 километр роҳҳо мебошанд, ки дар давоми чил соли охир таъмиру навсозӣ нашуда буданд. Бо фармони Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон як қисми роҳҳои ин ноҳия мумфарш карда мешаванд.
Корҳои сохтмониро дар роҳҳои ноҳияи Шӯрообод ширкати рохсозии «Бунёди рох»-и шаҳри Кӯлоб ба уҳда дорад ва то имрӯз як қисми корҳоро дар ин самт ба анҷом расонидаанд. Барои сари вақт ба анҷом расонидани корҳо техникаи зарурӣ ва шумораи зиёди коргаронро чалб намудаанд.
Гуфта мешавад, дар дигар ноҳияҳои кӯҳистон низ таъмиру таҷдиди роҳҳо идома доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






