Таркиш дар Ғазнӣ
Душанбе, 03.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар ҳудуди шарқии музофоти Ғазнии Афғонистон мотосикли сечарха ба минаи сарироҳӣ бархурд. Дар натиҷаи таркиш 3 нафар ба ҳалокат расида як нафари дигар ҷароҳат бардошт.
Иттилоъ дода мешавад, ки фоҷеа дар ноҳияи Андар ба амал омада, қурбоншудагон аъзои як оила мебошанд, ки барои иштирок дар маъракаи ёдбуд ба хонаи хешовандони худ ҳаракат доштанд. Дар ин бора оҷонсии иттилоотии «Пажвок» хабар медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






